Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои ҳукумат дар Тунис


Рӯзи якшанбе, 23-уми январ, ҳазорон нафар дар пойтахти Тунис раҳпаймоӣ карда, истеъфои ҳукуматро тақозо намуданд.

Бо вуҷуди ин ки Зайналобиддин, раиси ҷумҳур аз Тунис фирор кардааст, вале тазоҳуркунандагон истеъфои ҳукуматро тақозо намуданд ва ба ваъдаҳои раҳбари давраи гузор, яъне нахуствазир Муҳаммад Ғанушӣ бовар надоранд.

Нахуствазири Тунис: "Ҳукумати нав ташкил хоҳад шуд"

Нахуствазир ҳоло талош дорад рақибони сиёсии худро ором кунад ва мегӯяд, баъд аз интихобот ҳукумати нав ташкил хоҳад шуд. Тазоҳуроти рӯзи якшанберо Шӯрои умумии коргарони Тунис созмон доданд. Онҳо дар даст аксҳои афродеро доштанд, ки аз тири нерӯҳои амниятӣ дар ҷараёни тазоҳуроти тӯлонии ҳафтаҳои пеш кушта шудаанд.

Тазоҳуркунандгон норизоятии худро аз фақру бекорӣ ва фишору маҳдудиятҳо нишон медоданд. Ҳафтаи пеш чунин тазоҳурот сабаби фирори раиси ҷумҳур ба хориҷ аз кишвар шуд. Баъд аз 23 соли ҳокимият вай дафтари худро гузошт ва ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд.

Муҳаммад Ғанушӣ, нахуствазири Тунис, ки баъд аз фирори раиси ҷумҳур дар давраи гузор раҳбариро бар ӯҳда гирифтааст, рӯзи ҷумъа изҳор дошт, ки баъд аз интихобот ва ташкили ҳукумати нав аз сиёсат канор хоҳад рафт. Бо вуҷуди чунин изҳорот, ӯ натавонист мардумро аз тазоҳуроти нав боз дорад.

Тазоҳуркунандагон: "Бояд аз ин ҳукумат халос шавем"

Баъд аз ин изҳорот ҳазорон нафар ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои ҳукуматро тақозо карданд. Як тан аз ширкаткунандагони тазоҳурот бо номи Терек, ки аз номи ҳамсафонаш сӯҳбат мекард, гуфт, мардум ба ғазаб омадаанд: "Мо умед дорем, ки вазъ тадриҷан беҳтар мешавад. Вале мо бояд ба хостаҳои мардум эҳтиром гузорем, аз ин ҳукумат халос шавем ва ҳама чиз ба поён мерасад.".

Як рӯзи пеш ба тазоҳуркунандагон тақрибан 2 ҳазор нафар ҳамроҳ шуданд ва тақозо карданд, ки дастмузд бояд боло бурда шавад. Шоми шанбе ҳазорон нафар дар маркази Тунис гирдиҳам омаданд, шамъ фурӯзон карданд ва хотираи қурбониёни нооромиҳои ахири ин кишварро гиромӣ доштанд.

Пас аз он тақрибан дар соати 8-и шом тазоҳуркунандагон пароканда шуданд, зеро мошинҳои низомӣ рафту омад мекарданд ва аз оғози қуюди шабгардӣ дар шаҳр ба тазоҳуркунандагон ҳушдор медоданд. Як рӯз пеш ҳукумат гуфт, ки комиссияи вижае ташкил додааст, то ба нақши вазорати корҳои дохилии Тунис дар ин кушторҳо расидагӣ кунад.

Номи онҳое, ки ба мардум оташ кушодаанд, ошкор мешаванд?

Тавфиқ Будербала, раиси ин комиссия гуфт, ниҳоди онҳо ба нақзи ҳуқуқ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ расидагӣ мекунад ва ин комиссия комилан мустақил аст.

"Нахустин коре, ки мо анҷом медиҳем, ин аст: бояд ҷониберо пайдо кунем, ки дар ин ҳодисаҳо нақши аслӣ дорад ва ин вазорати дохилист ё баъзе кормандони вазорати дихилианд. Мо номи шахсон ё гурӯҳҳоеро ошкор мекунем, ки дар дуздиву ғорат, куштор ё кушодани оташ ба сӯи шаҳрвандон даст доранд",-афзуд ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тунис мегӯяд, дар норомиҳо барои сарнагун кардани Зайналобиддин, раиси ҷумҳури ин кишвар, 78 нафар кушта шудаанд. Вале Созмони милал ин рақамро 117 нафар нишон додааст. Рӯзи якшанбе рӯзи ниҳоии мотами серӯза барои гиромидошти хотираи қурбониён буд.
XS
SM
MD
LG