Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авпупову Амрико Албанияро ба оромӣ даъват карданд


Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва Амрико якҷо Албанияро ба оромӣ даъват кардаанд. Ин дар ҳолест, ки баъд аз кушта шудани се нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар дар тирандозие дар ҷараёни даргирии нируҳои ҳукуматӣ бо тазоҳуркунандагон дар пойтахти ин кишвар Тирана вазъ мутташанниҷ боқӣ мондааст. Намояндагии ин созмонҳову кишварҳо аз ин кушторҳо изҳори таассуф кардаанд ва ҷонибҳоро ба мусолиҳа хондаанд. Нооромӣ замоне шурӯъ шуд, ки рӯзи ҷумъа ҳизби мухолифи Сотсиал-Демократ тазоҳуроти эътирозӣ анҷом дод ва дар ҷараёни раҳпаймоӣ тақозо кард, ки ҳукумат истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG