Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба Каримов фишор хоҳад овард


Иттиҳодияи Аврупо ният дорад дар ҷараёни мулоқот бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Брюссел рӯзи душанбе дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон фишор оварад. Сухангӯи Комиссиюни Аврупо Оливер Бейлӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти президенти ин ниҳод Жозе Мануэл Барозо бо Ислом Каримов мавзӯи ҳуқуқи башар дар навбати аввал матраҳ хоҳад шуд. Соли 2005 ҳукумати Каримов барои адами иҷозаи таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои саркӯби эътирозгарони Андиҷон таҳрим шуд, вале соли 2009 ин таҳримҳо бекор гардид. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз Аврупо интиқоди шадид карданд. Бейлӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ба қароре расид, ки дар нисбати Ӯзбакистон бар ивази “сиёсати инзивои комил ҳамкориҳои ҷиддиву бошарту шурутро” пеш барад.
XS
SM
MD
LG