Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзоҳои тарафдори референдуми қазоқ нобуд мешавад


Комиссиюни марказии интихоботҳои Қазоқистон мегӯяд, ки ҳамаи панҷ миллион имзои тарафдорони баргузории референдуми тамдиди мӯҳлати президентии Нурсултон Назарбоев дар давоми се моҳи наздик нобуд карда мешавад. Бахши қазоқии радиои Озодӣ мегӯяд, ки эъломияи комиссиюн рӯзи ҷумъа дар телевизиони давлатӣ пахш шуд. Дар он гуфта мешавад, ки вуҷуди танҳо протоколи комиссиюн кофист, ки сиҳҳатии ин миқдор имзоҳои тарафдорон собит шавад. Дар ҳоле, ки парлумон ҳафтаи гузашта бо баргузории референдум мувофиқат кардааст, фаъолони мухолифин аз оғоз дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъоварӣ шудани беш аз панҷ миллион имзои тарафдорони Назарбоевро зери суол бурдаанд.
XS
SM
MD
LG