Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай ва Дмитрий Медведев мулоқот мекунанд


Қарор аст, имрӯз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав дидору гуфтӯгу кунад. Ду тараф роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби Русия барои барқарорсозии Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддири афғониро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳомиди Карзай ва Дмитрий Медведев, соли гузашта чаҳор маротиба мулоқот доштанд, вале бори аввал аст, ки дар Маскав мулоқот мекунанд.
XS
SM
MD
LG