Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 инфиҷор дар наздикии Карбало 45 кушта бар ҷой гузошт


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки имрӯз дар натиҷаи инфиҷори ду мошини бамгузоришуда дар наздикии шаҳри муқаддаси Карбало беш аз 45 нафар кушта шудаанд. Муҳаммад ал Мусавӣ-раиси Шӯрои вилоятӣ гуфтааст, дар ин инфиҷорҳо дастикам 150 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ду инфиҷор дар фосилаи 20 дақиқа аз ҳамдигар дар ду роҳе, ки вориди Карбало мешавад, рух додааст.
XS
SM
MD
LG