Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ хостори таъвиқи кори парлумон шуд


Додгоҳи вижаи муҳокимаи мавридҳои тахаллуфоти интихоботӣ, ки баъди интихоботи парлумонии моҳи сентябр дар Афғонистон таъсис ёфт, аз раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай хост, то маросими шурӯъи кори парлумони ҷадидро ба таъхир андозад. Раиси ин додгоҳ Содиқуллоҳ Ҳақиқ гуфт, ин маросим бояд дастикам як моҳ ақиб гузошта шавад, то ки додгоҳ барои таҳқиқи шикоёт фурсати кофӣ дошта бошад: .“Ҳадди ақал як моҳ иҷлосияро ақиб андозанд ва ҳукумат ҳам бояд бо маҳкамаи ҳамкории ҳамаҷониба бикунад.”
Мақомоти интихоботӣ қаблан пирӯзии 24 барандаи интихоботи моҳи сентябр ва ҳудуди 5 миллион аз баргаҳои раъйро ба далели тақаллуб лағв карданд.
Иҷлоси ифтитоҳии парлумони нави Афғонистон бо дастури Карзай ба рӯзи 23 январ таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG