Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди чаҳоррӯзаи Ҳу Ҷинтао аз Амрико шурӯъ шуд


Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, имрӯз бо як сафари чаҳоррӯзаи давлатӣ вориди Амрико шуд. Дар мулоқоти имрӯзаашон дар шаҳри Вашингтон, Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Ҳу Ҷинтао ба эҳтимоли ғолиб, номутавозинии тиҷорати Амрико бо Чинро баррасӣ хоҳанд кард, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ Чин аз роҳи сунъии поён нигаҳ доштани арзиши пули миллиаш ба он сабаб шудааст. Ҳу Ҷинтао дар мусоҳиба бо рӯзномаҳои амрикоӣ хостори поён додан ба муносиботи беҳосили айёми Ҷанги Сард бо Амрико шуда ва ҳамкории нав пешниҳод кардааст. Аммо гуфтааст, чаро Чин бояд бигузорад, ки арзиши пули миллиаш боло биравад.
XS
SM
MD
LG