Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳези Озарбойҷон аз пазируфтани як "меҳмони" аврупоӣ


Гузоришгари хоси Шӯрои Аврупо дар умури маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷон мегӯяд, қасди сафар ба Боку дорад, вале мақомот, ба ӯ раводиди сафар намедиҳанд. Кристофер Штрассер, вакили олмонӣ дар порлумони Аврупо ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи майи соли гузашта то кунун саъй кардааст, ба Озарбойҷон биравад, аммо ба ӯ раводиди сафар надодаанд. Самад Саидов, раҳбари ҳайъати Озарбойҷон дар Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо, гуфтааст, дар кишвараш маҳбусони сиёсӣ нестанд ва таъйини гузоришгари хос дар умури маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷон кори нодуруст аст. Давлати Озарбойҷон солҳои ахир фишор ба дигарандешон ва ҳомиёни ҳуқуқро афзоиш додааст ва барои ин амалкардааш пайваста мавриди интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG