Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Ғанушӣ аз кобинаи нави Тунис


Сарвазири Тунис аз ҷалби намояндагони маъмурияти пешин ба ҳайъати кобинаи ваҳдати миллӣ пуштибонӣ кард: “Мо дар як шароити сахт қарор дорем, вале агар муваффақ шавем, метавонем қадами бузурге ба сӯи пеш гузорем.”
Ин ҳукумат аз сӯи Муҳаммад Ғанушӣ дар пайи фирори раисиҷумҳур Зайналобуддин Бен Алӣ аз кишвар ташкил шуд.
Аммо ҳизби Ҷунбиши демокративу конститутсионии Бен Алӣ вазоратҳои муҳими умури дохиливу хориҷӣ, дифоъ ва молияро дар кобинаи нав ҳифз кардааст. Ин дар ҳолест, ки эътирозгарон дирӯз дар пойтахти Тунис барҳам додани ин ҳизбро талаб мекарданд. Ғанушӣ гуфт, мансабдороне, ки дар аҳди Бен Алӣ дар таъқиби мухолифин даст доштанд, ба масъулият кашонида хоҳанд шуд, вале онҳое, ки дар ҳайъати ҳукумат мондаанд, афродеанд, ки “дасти тоза” доранд. Ғанушӣ, ки дар аҳди Бен Алӣ ҳам сарвазир буд, ба ҳукумати нав 3 тан аз раҳбарони мухолифинро низ шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG