Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Тунис


Муҳаммад Ғанушӣ, нахуствазири Тунис, ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллиро муаррифӣ кард. Чанд рӯз пеш аз ин Зайнуллобидин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури Тунис баъди 23 соли ҳукмронӣ дар пайи ошӯбҳои мардумӣ аз ин кишвар гурехт. Дар ҳукумати ваҳдати миллӣ Муҳаммад Ғанушӣ бо вазири дифоъ, умури дохилӣ ва хориҷӣ дар мақомҳояшон мемонанд. Айни замон се раҳбари мухолифин низ ба ҳайъати ҳукумат пазируфта шудаанд. Муҳаммад Ғанушӣ гуфт, тамоми аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби мамнӯъи исломӣ ба раҳбарии ҳукумати ваҳдати миллӣ фаъолият хоҳанд кард. Дар Берлин, Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон аз раҳбарони Тунис хост, барои расидан ба демократия ҷиддан саъйу кӯшиш кунанд: "Айни ҳол барои Тунис фурсати воқеъӣ барои бозгашт ба субот расидааст. Роҳи субот демократия аст.Ҳукумати Олмон ба Тунис муроҷиат мекунад, ки бо истифода аз ин фурсат, демократияи воқеъӣ бо волоияти қонун, ҳуқуқи маданӣ бо озодии баён ва матбуотро нишон диҳад. " Аммо авзоъ дар Тунис пуршиддат боқӣ мемонад. Дирӯз маъмурони пулис тазоҳуроти чандсад нафарро пароканда карданд, ки талаб доштанд, тамоми аъзои ҳизби ҳокими Тунис аз ҳукумат ихроҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG