Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли Оштиёнӣ маваққатан боздошта шуд


Як намояндаи порламони Эрон гуфтааст, муҷозоти эъдоми хонум Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, ки бояд аз роҳи сангсор анҷом мегирифт ва мавриди интиқоди маҳофили байналмиллалӣ қарор гирифтааст, ба ҳолати таълиқ даромадааст. Ҳукми сангсори вай барои зино соли гузашта ба ҳолати таълиқ даромада буд. Аммо имрӯз раиси кумитаи ҳуқуқи башари порламони Эрон дар номае ба раиси ҷумҳури Бразилия навиштааст, ҳукми эъдоми Оштиёнӣ бино ба дархости хонаводаи вай боздошта шудааст. То ҳол маълум нест, ки чаро дар ин бора раиси кумитаи ҳуқуқи башари порламон нома менависад, на додгоҳи кишвар. Хонум Дилма Роусефф-раиси ҷумҳури Бразилия ба хонум Оштиёнӣ дар Бразилия паноҳандагӣ пешниҳод кард, вале мақомоти Эрон ин пешниҳодро напазируфтанд.
XS
SM
MD
LG