Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Покистон бо Толибон, достони филми нав


Ҷанги артиши Покистон бо Толибон дар манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон достони филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ дар Покистон хоҳад шуд. Саҷҷод Соҷӣ, муаллифи сенария мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи филм, ки бо кӯмаки молии артиш таҳия мешавад, нишон додани далерии “покистониҳои ҷасур” аст, ки дар манотиқе ба мисли дараи Свот алайҳи Толибон меҷанганд. Баъзе аз қисматҳои филмро дар ҳамин дара ба навор бардоштаанд. Дар ин филм ихтилофот миёни табақаи миёнаҳои мӯътадил ва тундравони мазҳабӣ дар Покистон тасвир шудааст.
XS
SM
MD
LG