Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳои ҳиротиён алайҳи Эрон


Ҳудуди 300 тазоҳургар дирӯз низ дар шаҳри Ҳироти Афғонистон алайҳи боздошти мошинҳои сӯзишворӣ дар Эрон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Онҳо дар баробари консулгарии Эрон дар шаҳри Ҳирот гирд омада ва “марг бар Эрон” шиор доданд. Анварулҳақ Аҳадӣ, вазири тиҷорати Афғонистон гуфтааст, то кунун ҳудуди 2000 мошинҳои ҳомили сӯзишворӣ дар 100 километрии шаҳри Ҳирот дар қаламрави Эрон мунтазири убури марз ҳастванд ва ҳар рӯз танҳо ба 40 мошин иҷозаи убур медиҳанд. Анварулҳақ Аҳадӣ, гуфт, Афғонистон аз Қазоқистон хостааст, то ба кишвараш 200 ҳазор тонна маводи сӯхт бифурӯшад. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, боздошти мошинҳо бинобар масоили техникӣ ва ё фаннӣ пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG