Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султони якумрии Қазоқистон?


Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистон

Парлумони Қазоқистон тасмим гирифт, ки мавзӯи то соли 2020 тамдид кардани салоҳиятҳои Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистонро ба раъйпурсии сартосарӣ гузошта, ба ин роҳ аз баргузории интихоботи президентии соли 2012 дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Муаллиф: Брюс Панир

"Гандӣ ва Вашингтон"-и Қазоқистон?

Вакилони парлумони Қазоқистон, зимни раъйдиҳӣ барои баргузории референдуми тамдиди раҳбарии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 ва тавсифи сифатҳояш аз шахсияти ӯ ба унвони раҳбари назири Камол Отатурк, Маҳатма Гандӣ ва Ҷорҷ Вашингтон ситоиш карданд.

Соли 2020 Назарбоев 80-сола хоҳад шуд. Бисёриҳо аз чунин ранг гирифтани кор тааҷҷуб ҳам накарданд. Ҳарчанд ба ташаббуси як гурӯҳи ҷамъиятӣ барои ҷамъоварии имзоҳои тарафдорони референдум бисёриҳо эътироз карданд, бархе гуфтанд, ки ин маърака дар асл хеле пештар ва аз сӯи ҳукумат тарҳрезӣ шудааст.

Дар нишасти парлумони Қазоқистон, ки асосан аз аъзои ҳизби ҳокими “Нур-Отан” ташаккул ёфтааст, аксарият дар шароити пӯшида тасмими баргузории референдум дар соли ҷориро содир карданд.

Комиссиюни марказии интихоботҳои Қазоқистон мегӯяд, ки ба тарафдории ин идея беш аз панҷ миллион имзо ҷамъоварӣ шудааст, дар ҳоле, ки қонун барои мусбат ҳал шудани пешниҳоди даъвати раъйпурсӣ ҳамагӣ 20 ҳазор овозро кофӣ мешуморад.


Нурсултон Назарбоев чӣ мехоҳад?


Мухолифони ин ташаббус имкони воқеии ҷамъоварии беш аз панҷ миллион имзоро дар мӯҳлати кӯтоҳ зери суол бурда, зидди ин пешниҳод эътироз карданд.

Владимир Козлов, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Алға”-и мухолифин мегӯяд: “Ман намедонам, ки президент Назарбоев чӣ хоҳад кард, вале медонам, ки бояд чӣ кунад. Вай бояд тамоми парлумонро пароканда карда, ҳамаи онҳоро на вакилони мардумӣ, балки косалесу чоплус номад ва интихоботи нави парлумониро баргузор кунад. Ва худаш бояд соли 2012 ба интихоботи президентӣ равад”.

Нурсултон Назарбоев охири солҳои шӯравӣ ба мақоми раҳбари Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон таъйин шуда, баъди касби истиқлоли ин кишвар аз соли 1991 инҷониб чун президенти ин ҷумҳурӣ амал кардааст. Дар чашми як бахши мардум Назарбоев ба унвони раҳбаре таҷассум мешавад, ки исми Қазоқистонро дар ҷаҳон шинохта ва нуфузу обурӯи онро ба мартабаҳои баланд бардоштааст.

Вале аз назари бахши дигари мардум ӯ шахсест, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш аз фурӯши захираҳои ғании нафти кишвар баҳра бурдааст.

Сафорати ИМА: Ин қадаме ба қафост

Вақте рӯзи ҷумъа раиси маҷлиси Қазоқистон дар бораи пуштибонии доираҳои васеи ҷамъиятӣ аз референдум лаб кушод, мунаққидони зиёд интиқоди шадидро дар дохилу хориҷи кишвар ба ёд оварданд. Сафорати Амрико дар Қазоқистон даҳ рӯз пеш изҳороте пахш карда, баргузории референдумро ба ҷои интихоботи президентӣ чун қадаме қафо аз роҳи демократия маҳкум кард.

Ҳоло, баъди имзои президент, яъне мувофиқати худи Нурсултон Назарбоев, бо тасмими парлумон, ду тағйироте дар қонунҳои ин кишвар ворид мешавад. Аввалӣ - эҷоди қонуни нав дар ин замина аз ҷониби ҳамин парлумон ва дуюмӣ - иловаи калимаи “эл бошӣ” ё раҳбари миллат дар паҳлӯи ибораи “президенти аввал” дар Конститутсия хоҳад буд.

Бархе таҳлилгарон аз он ҳарос доранд, ки чунин иқдоми Қазоқистон метавонад барои ҳамсоякишварҳои дигари Остона дар минтақа чун намунаи бади ибрат хизмат кунад.
XS
SM
MD
LG