Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Аризона мардумро ба ягонагӣ даъват кард


Дар Донишгоҳи Аризонаи Амрико маросими ёдбуди қурбониёни фоҷиаи ахир дар Тусон баргузор шуд. Раисиҷумҳур Барак Обама дар ин маросим амрикоиҳоро ба ягонагӣ ва ҳалли мушкилот аз роҳи муколамаи созанда ва эҳтиром ба ҳамдигар даъват намуд.
Аз ин пеш ӯ ва хонумаш дар бемористон аз узви Конгресс Габриел Гиффордс, ки бар асари тирандозӣ дар Аризона ҷароҳати сангин бардоштааст, дидан карданд. Обама дар маросими ёдбуд гуфт, "ҳамкорони Габриэл аз Конгресс, ки дар паҳлӯяш мебошанд, гуфтанд, чанд дақиқа баъд аз он ки мо аз ҳуҷра берун шудем, Габӣ чашмонашро кушод. Габӣ бори аввал баъд аз маҷрӯҳшавӣ чашм кушодааст".
Ҳафтаи гузашта бар асари тирандозӣ дар мавзеъи Тусони Аризона шаш нафар, аз ҷумла як духтарчаи нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 8 тан маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар ҳоле рӯх дод, ки узви Конгресс Габриэл Гиффордс бо сокинони Аризона мулоқот мекард.
Ба қотил Ҷаред Ли Лафнер, ки боздошт шудааст, ҳукми абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG