Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, Гиффорд бори аввал чашми худро боз кардааст


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Габриел Гиффорд-узви Конгресси Амрико, ки рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Тусони аёлати Аризона дар тирандозӣ захмӣ шуда буд, бори аввал чашми худро боз кардааст. Обама ин суханонро дар маросими ёдбуди 6 қурбонии ин тирандозӣ баён дошт. Обама рӯзи чаҳоршанбе чанд соат қабл аз ин суханронӣ ба таври хусуӣ бо хонумаш Мишел ба аёдати Гиффорд рафтанд. Пизишкон мегӯянд, ки аз вазъи саломатии хонум Гиффорд хушбинанд. Вале то ҳол маълум нест, ки ин хонум, ки аз сараш тир хӯрдааст, комилан шифо хоҳад ёфт ё хайр.
XS
SM
MD
LG