Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 1000 километри мураббаъ қаламравашро ба Чин дод


Тоҷикистон 1000 километри мураббаъ қаламрави худро ба Чин дод. Дирӯз дар ин бора намояндагони порлмон протоколи миёни Тоҷикистону Чинро ба тасвиб рсонданд. Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон зимни суханони худ дар порламон гуфт, баҳси марзии миёни Русияи подшоҳӣ, баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ ва ахиран Тоҷикистони мустақил бо Чин аз нимаи дуввуми қарни 19 ба ин сӯ идома дорад. Қаламрави баҳсталаб, ба гуфтаи вазир, 28,5 ҳазор километри мураббаъи хоки Тоҷикистон ваё 20 дар сад хоки кишварро ташкил медод. Зарифӣ афзуд, ки баъд аз имзои протокол бештар аз як ҳазор километри мураббаъ ё 3 дар сади қаламрави баҳссбарангези миёни Тоҷикистону Чин дар ихтиёри Чин мегузарад.
Оқои Зарифӣ тасвиби ин санадро пирӯзии дипломатияи тоҷик арзёбӣ кард. Вале баъзе намояндагони порламон ба ин гуфтаҳо розӣ набуданд. Масалан, Муҳиддин Кабирӣ-намояндаи порламон аз ҲНИТ бо ин ақида розӣ набуд ва гуфт, тамомияти қаламрави Тоҷикистони мустақил аз сӯи созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла аз сӯи СММ эътироф шуда буд.
XS
SM
MD
LG