Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон шӯрои мазҳабӣ ташкил мешавад


Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, барои танзими фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ шӯрои байнимазҳабӣ ташкил хоҳад кард. Бад-ин манзур як кумиссиюни давлатӣ ташкил шудааст ва ҳоло ин кумиссиюн ба сарпарастии Болот Абдраҳмонов ин шӯроро созмон хоҳад дод. Бино ба маълумоти мавҷуда, ҳоло дар Қирғизистон беш аз 30 гурӯҳи мухталифи мазҳабӣ фаъолият мекунад. Вале коршиносон мегӯянд, ки шумораи чунин гурӯҳҳо ба 200 адад мерасад.
XS
SM
MD
LG