Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден бо Осиф Алӣ Зардорӣ музокирот мекунад


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз бо як сафари ғайриинтизор вориди Покистон шуд. Интизор меравад, ки ӯ дар музокирот бо раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ хостори талоши бештари Исломобод дар мубориза бо толибон ва ҷангиёни “Ал-Қоида” хоҳад шуд. Қабл аз вуруд ба Покистон Ҷо Байден дар Кобул изҳор намуд, ки Амрико баъд аз соли 2014 ҳам пуштибонӣ аз ҳукумат ва нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистонро идома хоҳад дод. Қарор аст, ки соли 2014 таъмини амният дар Афғонистон аз НАТО ба нерӯҳои маҳаллӣ интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG