Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи пажӯҳиши низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон


Абдуғанӣ Эркабоев, раҳбари комиссиюни пажӯҳиши низоъҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон
Абдуғанӣ Эркабоев, раҳбари комиссиюни пажӯҳиши низоъҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон

Комиссиюни миллии пажӯҳиши низоъҳои қавмии байни узбакҳо ва қирғизҳо дар Қирғизистон, ки моҳи июни соли гузашта дар қисмати ҷанубии ин кишвар ҷараён гирифт, рӯзи сешанбе ёфтаҳои худро эълон кард.

Дар гузориши ин комиссиюн омадааст, якчанд мансабдори ҳукумати муваққатӣ, ки бархе дар ҳукумати феълӣ низ мақом гирифтаанд, он замон вазоифи худро иҷро накарданд ва роҳро барои вахим шудани вазъ ҳамвор кардаанд. Ин санад ҳамчунин сарварони маҳаллии узбактаборҳо, як қатор гурӯҳҳои дигар бо шумули “нирӯҳои берунӣ” ва наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро дар бурузи низоъи қавмӣ муттаҳам кард.

Комиссиюни миллӣ соли гузашта бо ҳадафи пажӯҳиш ва мушаххас намудани сабабҳои низоъ, ки беш аз 400 нафарро кушта бар ҷо гузошта буд, таъсис ёфт.

Иттиҳоми узбактаборҳо ва наздикони Боқиев?

Гузориши Комиссиюн рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ муаррифӣ шуд ва раҳбарони узбактаборҳо, наздикони президенти барканоршуда, қочоқбарони маводи мухаддир, гурӯҳҳои ифротгаро ва нирӯҳои хориҷӣ аз барафрӯзандагони оташи низоӣ номбар шуданд.


Раҳбари комиссиюн Абдуғанӣ Эркабоев, зимни муаррифии ин санад гуфт: “Нирӯҳои мухталиф, бо шумули сарварони узбактабор бо истифода аз заъфи ҳукуматдорони ноуҳдабаро мехостанд манофеъи худро бароварда созанд. Ин ҳолат аҳолии қирғизтаборро ба хашм овард ва барои посухи хашини ҷониби қирғизҳо нуқтаи дом шуд. Агар то он вақт Боқиевҳо танҳо аз ҷанбаҳои сиёсӣ истифода мекард, дигар бо истифода аз вазъият ба омили таҳрикдиҳанда табдил шуданд. Унсурҳое мисли ҷинояткорон, қочоқбарони маводи мухаддир, баъзе гурӯҳҳои экстримистӣ ва ҳатто хориҷиҳо ба низоъ ворид шуданд.”

Муттаҳамони мақомдор


Дар зимн мақомоти Қирғизистон дар гузашта низ ин фарзияҳоро матраҳ карда буданд. Аммо гузориши ахир аз изҳоротҳои қаблӣ фаротар рафт. Махсусан дар заминаи номбар кардани якчанд мақоми баландпояи Қирғизистон дар ҳукумати муваққат ва онҳое, ки дар ҳукумати нав мансаб гирифтаанд. Онҳое, ки натавонистанд аз низоъ пешгирӣ кунанд.

Бар пояи гузориши пажӯҳишии Комиссиюни миллӣ масъулияти ҳаводиси ҷануби кишвар қисман бар дӯши ноиби нахуствазири вақт Азимбек Бекназаров, фиристодаи вижаи ҳукумат дар Ҷануб Исмоил Исҳоқов, раиси хадамоти амният, Кенешбек Дуишибоев, додситони кул, Бойтемир Иброев ва Болот Шер, вазири дохилӣ аст.

Дуишенбоев ва Бекназаров мансабҳои худро ҳифз карданд. Исҳоқов аз ҳизби Социал-демократ узви парлумон ва раиси кумаитаи дифои шохаи қонунгузорӣ шуд. Шер ҳамчун намояндаи ҳизби Ота-Мекен ба парлумон шомил гардид ва Иброев бознишаста шуд. Комиссиюни пажуҳишӣ аз мақомоти кишвар тавсия кардааст, ки масъулияти сиёсии ҳаводиси ҷануби кишварро бар души мақомоти номбурда гузорад.

Ангушт ба сӯи лидерҳои узбактаборон

“Низоъи қавмӣ на аз ҷониби шаҳрвандони одии қирғизтабор ё узбактабор доман зада шуд. Лидерҳои узбактаборон масъулияти ин ҳодисотро дар душ доранд.” - омадааст дар санад. Комиссиюн исми Қодирҷон Ботиров, соҳибкори узбак ва сарвари як донишгоҳи хусусии Ҷалолободро махсусан таъкид кардааст.

Ба гуфтаи камиссиюн, Ботиров баъди сарнагун шудани Боқиев, моҳи апрели соли гузашта бо ҳукумати муваққатӣ ҳамкорӣ кард. Аммо дар моҳи май, ба думболи оташ задани ҳавлии Боқиев ӯ аз ҳукумат ҷудо шуд. Дар гузориш омадааст, ки Қодирҷон Ботиров даъвои сарварӣ дошт ва сафарҳоеро дар манотиқи узбакнишини Қирғизистон анҷом дод. Ӯ ҳудудан 25 дафъа бо узбактаборон маҷлис ороста буд.

Аммо гузориш мегӯяд, ки ҳеҷ як аз раҳбарони узбактабор дар масъалаи даст ёфтани узбакҳо ба сарзамини мухтор дар дохили Қирғизистон изҳорот пахш накардааст. Ботиров дар авҷи хушунатҳо аз Қирғизистон фирор кард ва ҳоло, ба гуфтае, ба Украина паноҳ бурдааст.

Гуфта шуд, ки саркардаи дигари нооромиҳо Максим Боқиев, писари президенти барканоршуда, дар Британия ба сар мебарад. Комиссиюн гуфтааст, ки низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон аз тарафи Максим ва амаки ӯ Ҷаниш Боқиевҳо сармоягузорӣ шуд.
XS
SM
MD
LG