Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ошӯбҳои Тунис дастикам 35 кас кушта шудаанд


Як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ошӯбҳои ахири Тунис дастикам 35 нафар кушта шуданд. Федеросиюни байналмилалии ҳуқуқи башар, мақараш дар Порис, гуфтааст, ки онҳо феҳрасти 35 қурбонии ин ошӯбҳоро дар даст доранд, вале шумори кушташудагон ғолибан бештар аст.
Эътирозҳо дар Тунис моҳи гузашта замоне буруз карданд, ки як ҷавони 26-сола худро ба нишони эътироз ба набуди ҷойи кор оташ зад. Дар поёни ҳафтаи гузашта мақомоти Тунис мавҷи нави эътирозҳоро бо зӯр саркӯб карданд. Амрико аз чунин шеваи саркӯбии эътирозҳо изҳори нигаронӣ карда, СММ ва ИА мақомоти Тунисро ба хештандорӣ даъват карданд.
XS
SM
MD
LG