Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Феникс Лоҳнерро раҳо накард


Ҷавони 22-солае, ки ба қасди куштани вакили Конгресс ва қатли 6 тани дигар айбдор мешавад, дирӯз бори аввал ба додгоҳи Феникс, аёлати Аризона эҳзор шуд.
Додгоҳ раҳоии Ҷаред Лоҳнер дар ивази пули гаравро радд ва қарор кард, ки ӯ дар боздошт боқӣ бимонад.
Дирӯз дар Амрико қурбониёни ҳамлаи рӯзи шанбе дар як фурӯшгоҳи Аризонаро, ки 6 нафарро кушта ва 13 тани дигар, бо шумули вакили Конгресс Габриэл Гиффордсро захмӣ ба ҷо гузошт, бо як дақиқаи хомӯшӣ ёд карданд.
XS
SM
MD
LG