Ба гузориши хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ, Алии Ифтихорӣ, мудири кулли пизишкии қонунии ин устон афзудааст : «бо таваҷҷӯҳ ба сангинии ҳоли баъзе аз садамадидагон, имкони афзоиши омори талафот вуҷуд дорад.»
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ин ҳавопаймо рӯзи якшанбе аз Теҳрон ба мақсади Урумия ба парвоз даромад ва ҳудуди соати 19:45 дақиқа дучори сониҳа шуд ва суқут кард. Гузоришҳои аввалия « шароити номусоиди бодуҳаво»-ро далели ин сониҳа зикр кардаанд.
Садо ва симои устони Озарбойҷони Ғарбӣ низ хабар медиҳад, ки бар асари бархӯрди нӯки ин ҳавопаймо ба замин, халабон ва ёрдамчиёни халабон ҷони худро аз даст додаанд ва ҳавопаймо низ ба чаҳор тикка тақсим шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки «сармо шароити имдодрасониро сахттар кардааст.» Хабаргузории "Меҳр" низ аз « пайдо шудани сандуқи сиёҳи ин ҳавопаймо» хабар медиҳад.
"Халабонон қасди бозгашт доштанд»
Ба гузориши ИРНА, ин ҳавопаймои "Боинг" барои фуруд дар фурудгоҳи Урумия қарор гирифт, аммо ба далели номусоидии обуҳаво муваффақ ба фуруд нашуд ва пас аз дур шудан аз фурудгоҳ барои қарор гирифтан дар мавқеияти фуруди муҷаддад, ба ногоҳ аз сафҳаи родор маҳв шудааст.
Ба гузориши «Меҳр», Аҳмад Маҷидӣ, муовини вазири роҳ ва таробарии Эрон гуфтааст, ки ин ҳавопаймо « дар 15 километрии ҷануби шарқии фурудгоҳи Урумия ба иллати хосе, ки ҳанӯз мушаххас нашудааст», дучори сониҳа шудааст.
Вай дар бораи охирин гуфтугӯи халабон бо бурҷи муроқиб гуфтааст «Охирин гуфтугӯи халабон бо бурҷи муроқиб ҳокӣ аз он аст, ки эъломи фуруди изтирорӣ накарда балки ба иллати надоштани дид, қасди бозгашт доштааст.»
Ваҳид Ҷалолӣ, устондори Озарбойҷони Ғарбӣ гуфтааст, ки ин ҳавопаймо «10 дақиқа пеш аз инки ба фурудгоҳи Урумия бирасад, ба бурҷи муроқиб эълом кардааст, ки омодаи нишастан аст, аммо дар охирин гуфтугӯ бо бурҷи муроқиб гуфтаааст, ки наметавонад биншинад. Дар ин ҳангом иртибот қатъ мешавад ва бурҷи муроқиб мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ҳавопаймо дар ҳоли суқут аст.»