Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс дар Пекин мулоқотҳо анҷом медиҳад


Имрӯз Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико дар Пекин бо мақомоти расмии Чин мулоқот анҷом медиҳад. Гейтс дар ҳоле аз Чин боздид мекунад, ки қарор аст пас аз як ҳафта Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин аз Амрико боздиди давлатӣ анҷом диҳад. Гейтс мегӯяд, боздиди вай нишонаи он аст, ки Чин мехоҳад равобити низомиро барқарор кунад, равобитеро, ки барои фурӯши аслиҳаи чиноӣ ба Тайван заиф шуда буд. Аз сӯи дигар, қудрати низомии Чин тақвият меёбад ва Вошингтон мехоҳад, ки Пекин барои муҷаҳҳаз сохтани артиши худ пинҳонкорӣ накунад.
XS
SM
MD
LG