Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи намояндаи мардумии Амрико вахим боқӣ мемонад


Як вакили Ҳизби Демократи Амрико ҳангоми дидор бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи фарди мусаллаҳе қарор гирифта ва сахт маҷрӯҳ шудааст. Табибонаш мегӯянд, вазъи Габриела Гиффордс, ки тир ба сараш хӯрдааст, баъди ҷарроҳӣ ҳамчунон вахим боқӣ мемонад. Фарди мусаллаҳ аз наздик ба сӯи хонум Гиффордс тир андохтааст. Дар тирандозӣ дар маҷмӯъ шаш нафар аз ҷумла як духтари нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пулис фарди муттаҳам ба тирандозиро боздошт карда ва дар ҷустӯҷуи як шарики ӯ будааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳодисаро, фоҷиаи миллӣ хонд: "Ин танҳо фоҷиаи онҳое нест, ки дар ҷойи ҳодиса буданд. Ин фоҷиаи иёлати Аризона ва тамоми кишвари мост. Ончӣ амрикоиҳо дар замони фоҷиа мекунанд, гирди ҳам меоянд ва ба якдигар кӯмак мекунанд." Тирандозиҳо алоҳида дар Амрико агарчӣ зиёд мушоҳида мешавад, аммо ҳамлаҳо ба сиёсатмадорон кам мушоҳида шудааст. Габриела Гиффордс, моҳи ноябри соли гузашта дар интихоботи миёндавраӣ дигарбора намояндаи мардумии иёлатиА Аризона дар конгресси Амрико интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG