Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 нафар дар таркише дар Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар таркиши худкушонаи як ҳамлавар дар вилояти Қандаҳор, 17 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ин ҳодиса дар рустои Спинбулдак, наздикии марзи Покистон ба амал омад.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳи ситезаҷӯ, Қозӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт як фармондеҳи нерӯҳои марзбони давлати Афғонистон ҳадафи ин ҳамла будааст ва ба ҳалокат расидааст.

Бомбгузор худро дар таҳоратгоҳе мунфаҷир кард, ки мардум он ҷо барои омодагӣ ба намози ҷумъа таҳорат мекарданд.

Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба ҷои ҳодиса расиданд ва ҳамчунин гурӯҳҳои тиббӣ ва наҷот захмиён мадад расонданд. Бархе аз лаҳзаҳои ин рӯйдодро метавонед, дар ин навор бубинед.

Ҳалокати 17 нафар дар таркиши Қандаҳор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG