Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд 545 нафар пулиси худро ба Афғонистон мефиристад


Порламони Ҳолланд фиристодани як гурӯҳи 545 нафарии пулиси худро ба тасвиб расонд. Қарор аст, ин гурӯҳ дар Афғонистон пулиси Афғонистонро машқ диҳад. Дафтари матбуотии ҳукумати Ҳолланд гуфт, ин тасмим баъд аз мулоқоти якҳафтаинаи ҳукумат гирифта шуд. Тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки 11 моҳ пеш ҳукумати пешини ин кишвар барои истиқрори нируҳои худ дар Афғонистон суқут карда буд.
XS
SM
MD
LG