Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Муғулистон ҳамроҳ ураниум истихроҷ мекунанд


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз қонун дар мавриди таъсиси корхонаи муштараки “Дорнод Уран” бо Муғулистонро имзо кард, ки истихроҷи як захираи бузурги ураниумро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, ин ширкат захираи ураниуми майдони Дорноди Муғулистонро, ки камаш 28 ҳазор тонна ҳисоб шудааст, истихроҷ кунад. "Росатом", ширкати давлатии Русия қавл додааст, ки зербунёдҳои лозим, барои истихроҷи кон аз ҷумла роҳи оҳан бисозад. Росатом чанд моҳ боз бо мақомоти Муғулистон доир ба ин созишнома музокирот пеш мебурд. Айни замон як ширкати канадагӣ, иддаъо дорад, ки 58 дар сади ҳиссаи Дорнод аз они ӯст ва барои пас гирифтани ин ҳисса ба додгоҳ муроҷиат кардааст.
XS
SM
MD
LG