Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси шеваҳои фӯру нишондани танишҳо дар нимҷазираи Куриё


Стивен Босворф фиристодаи вижаи Амрико барои Куриёи Шимолӣ, имрӯз дар шаҳри Пекин бо мақомоти Чин шеваҳои фӯру нишондани таниш миёни Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолиро баррасӣ кард. Сафорати Амрико дар Пекин бо нашри баёнияе имрӯз гуфт, мулоқоти Стифен Босворф бо Жанг Жиҷун дар ин замина “муфид” будааст. Вазорати умури хориҷаи Чин эълом кард, ки ду тараф дар мулоқот “ба азми худ барои ҳифзи суботу оромӣ дар нимҷазираи Куриё ва бозгашт ба музокироти шашҷонибаи халъи силоҳи атомии Куриёи Шимолӣ таъкид кардаанд”. Ба ин музокирот, ду Куриё, Амрикову Чину Русия ва Ҷопон шомиланд, вале Куриёи Шимолӣ соли 2008 аз он даст кашид. Танишҳо дар нимҷазираи Куриё охири соли гузашта баъд аз он авҷ гирифт, ки Куриёи Шимолӣ бо шиллики тӯпхона ба Куриёи Ҷанубӣ чаҳор нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG