Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, як ҷосуси амрикоиро дастгир кардааст


Бино ба гузориши як рузномаи расмии Эрон, мақомоти расмӣ як зани амрикоиро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд. Рӯзномаи “Эрон” навиштаааст, Ҳолл Талоян зани 55-солаи амрикоӣ, хостааст бидуни раводид аз Арманистон ба Эрон ворид шавад, вале дастгир шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, дар дандони ин зан як абзори ҷосусӣ пайдо кардаанд вале хабари боздошт аз тарафи мақомот таъйид нашудааст. Моҳи июли соли гузашта як се амрикоӣ дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд ва Эрон аввал онҳоро ба убури ғайриқонунии марз ва сипас ба ҷосусӣ муттаҳам карданд. Яке аз онҳоро бинобар беморӣ раҳо карданд, вале ду тани дигарашон моҳи оянда дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG