Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни волии Панҷоби Покистон


Дар маросими дафни Салмон Тосир, раиси вилояти Панҷоби Покистон, ки рӯзи сешанбе дар Исломобод ба қатл расид, аъзои оила, дӯстон, мансабдорон ва ҳаводоронаш ширкат карданд.

Тибқи ахбори расида Тосирро муҳофизаш ба қатл расонд, зеро аз мавқеъгирии раиси вилояти Панҷоб дар иртибот бо қонуни зиддуннақизи куфр норозӣ будааст. Ҳазорҳо нафар ва аз ҷумла сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ дар рӯ ба рӯи қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Лоҳур намоз гузоштанду сипас тобутро бо чархбол ба яке аз қабристонҳо интиқол доданд.

Маросими дафни ҳокими вилояти Панҷоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00


Сарвизири Покистон се рӯз мотами миллӣ эълон карда, дастур дод, ки дар идораҳои давлатӣ парчамҳо нимаафшон бошанд.

Вокуниши зиддунақиз ба марги волӣ

Аммо қатли Тосир мардуми зиёдеро хушҳол ҳам кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо аз куштор пуштибонӣ карда, аз мардум хостаанд, ки дар маросими дафни раиси вилоят ширкат наварзанд.

Гурӯҳе бо номи Ҷамоати аҳли суннати Покистон менависад, тахминан 500 уламои равияи муътадили Барелвии мусулмонони суннимазҳаб бо ишора ба куштори Тосир ҳушдор додаанд, ки сарнавишти мухолифини қонуни куфр ҳамин гуна фоҷеабор хоҳад буд.

Пас аз куштори Тосир дар бозори Қӯҳсори Исломобод яке аз муҳофизони раиси вилояти Панҷоб Малик Мумтоз Ҳусейн Қадрӣ ба ҳабс гирифта шуд ва ба қавли Раҳмон Малик вазири умури дохилии Покистон иқрор кард, ки Тосирро барои танқидаш аз қонуни куфр ба қатл расондааст.

Малик гуфт: “Ӯро муҳофизаш ба ҳалокат расонд. Ҳоло мо мехоҳем муқаррар кунем, ки қотил танҳо буд ва ё каси дигаре ҳам дар ин амал нақш дорад.”

"Иштибоҳи"-и Салмон Тосир

Тосири 66 сола яке аз муттафиқони наздики президенти Покистон Осиф Алии Зардорӣ буд. Ӯ чанде пеш бо як зани насронии муттаҳам бо тавҳин ба Ислом вохӯрда, ҳатто ҳамроҳ бо ӯ акс гирифта буд. Тосир ба ин зан ваъда дод, ки дар паи тағйири қонуни куфр мешавад, то ӯро аз ҳукми эъдом наҷот диҳад.

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки аксари сиёсатмадорони покистонӣ аз сӯҳбат дар бораи сарнавишти ин зан, ки Осиёбибӣ ном дорад, худдорӣ мекунанд.

Баъди ин ҳодиса ҳизби мардумии Покистони президент Зардорӣ, ки бо хатари фурӯпошии эътилофи ҳоким мувоҷеҳ мебошад, зери фишори гурӯҳҳои исломӣ изҳор намуд, ки аз пешниҳоди ислоҳи қонуни куфр даст мекашад.

Ҳукумати ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ куштори Тосирроо маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG