Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро шоҳзодаи Эрон худкушӣ кард?


Аз чап Алиризо Паҳлавӣ ва модараш Фараҳ ПаҳлавӣIranian 15-уми апрели соли 2005.
Аз чап Алиризо Паҳлавӣ ва модараш Фараҳ ПаҳлавӣIranian 15-уми апрели соли 2005.

Алиризо Паҳлавӣ, писари хурдии шоҳи собиқи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, субҳи сешанбе дар синни 44 дар шаҳри Бостони Амрико худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Бостон, Алиризо Паҳлавӣ аз зарби тири туфанг ҳалок шуда, зоҳиран худ даст ба ҷонаш задааст.

Алиризо баъди Ризо ва Фараҳноз фарзанди севвуми шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ ва ҳамсари ӯ Фараҳи Паҳлавӣ буд.

Ризо Паҳлавӣ, писарбузурги шоҳи собиқи Эрон дар сомонаи интернетиаш дар сӯгвории марги бародараш навишт, ки ӯ ҳамчун миллион ҷавони дигари эронӣ “аз ончӣ бар меҳани азизаш мегузашт, сахт озурдаву ғамгин буд ва низ ҳеҷ гоҳ хотираи дардноки марги падар ва хоҳари азизаш ӯро раҳо накард.”

Ризо Паҳлавӣ меафзод, ки Алиризо “бисёр кӯшид, ки бар ин бӯҳрони дарунӣ фоиқ ояд. Дареғо ки муваффақ нашуд.”

Муҳаммадризои Паҳлавӣ баъди инқилоби исломии соли 1979 тарки тахти подшоҳӣ ва кишвар кард ва соле баъд, ба дунболи саргардониҳои зиёд дар Қоҳираи Миср аз дарди саратон даргузашт.

Лайло, духтари хурдии ин хонаводаи подшоҳӣ дар соли 2001 дар меҳмонсарое дар Лондон дар синни 31-солагӣ бо роҳи истеъмоли доруи беш аз ҳадд низ худкушӣ карда буд.
Аммо оё далели худкушии Алиризо Паҳлавӣ танҳо яъсу рӯҳафтодагист? Ин суолро дар гуфтугӯе аз Алиризои Нуризода, таҳлилгари масоили Эрон дар Лондон дар миён гузоштам.

XS
SM
MD
LG