Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби АI барои раҳоии сиёсатмадорони мухолифи ҳукумати Русия


Созмони Amnesty International (AI) ё Афви Байнулмилал хостори раҳоии сиёсатмадорони мухолифи ҳукумати Русия шуд. Дар изҳороти ин созмон аз Борис Немтсов, Иля Яшин ва Константин Косякин, ки барои ширкат дар ҳамоиши мухолифини рӯзи 31 декабр дар шаҳри Маскав, ба мӯҳлати аз 5 то 15 шабонарӯзӣ ҳабс карда шудаанд, ҳамчун маҳбусони сиёсӣ ном бурда шудааст.
Рӯзи сешанбе дар Маскав чанд нафаре боздошт шуданд, ки ба хотири пуштибонӣ аз Немтсов, Яшин ва Косякин пикет ташкил карда буданд. Интизор меравад, ки пикетҳо имрӯз ҳам идома ёбад.
XS
SM
MD
LG