Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари охирин шоҳи Эрон худкӯшӣ кард


Дар ИМА Алиризо Паҳлавӣ, писари хурдии охирин шоҳи Эрон, худкӯшӣ кард. Дар ин бора писари бузурги шоҳ Ризо дар сомонаи интернетии худ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, бародари 44-солааш моҳҳои ахир аз афсурдагӣ ранҷ мекашид.
Ба иттилоъи нашрияи Boston Globe, ҷасади Алиризо Паҳлавӣ дар манзилаш дар шаҳри Бостон, воқеъ дар шимолу шарқи ИМА, ошкор шуд. Полиси маҳаллӣ хабар дод, ки шоҳзода аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст.
Охирин шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ соли 1979 бар асари инқилоби исломӣ сарнагун шуд. Як сол баъд аз ин ӯ дар Миср аз маризии саратон аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG