Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солиев - сафир дар Брюссел ва Ҳусейнов - дар Тошканд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рустам Солиевро сафир дар Брюссел ва Музаффар Ҳусейновро сафир дар Тошканд таъйин кардааст. Рустам Солиев аз моҳи май, ба дунболи бозгашти Саидмӯъмин Ятимов ба Душанбе кордори сафорати Тоҷикистон дар Брюссел буд. Ӯ ҳамин тавр, раҳбарии намояндагии Тоҷикистон дар НАТО ва ИА-ро бар ӯҳда мегирад. Музаффар Ҳусейнов, ки то ҳол раҳбари департаменти созмонҳои байналмилалии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон буд, дар мақоми сафир дар Тошканд Бобохон Маҳмадовро иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG