Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2010, соли фалокатҳои бадтарини табиӣ?


Бузургтарин ширкати бима дар ҷаҳон эълом кард, ки фалокатҳои табиӣ дар соли 2010 295 ҳазор нафарро куштааст ва баҳои ин талафот 130 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ширкати “Мюних Ре” дар гузорише гуфтааст, соли гузашта 950 фалокати табиӣ сабт шудааст, ки аз соли 1980 то кунун собиқа надошт. Заминларзаи Ҳаитӣ, ки тақрибан 223 ҳазор нафарро кушт, аз назари баҳои талафоти инсонӣ бадтарин фалокати табиӣ номида шудааст. Гаронтарин фалокат, заминларзаи Чилӣ будааст, ки хисороти он 30 миллион доллар баровард шудааст. Ба гуфтаи “Мюних Ре” аксари фалокатҳои табии соли 2010 марбут ба вазъи ҳаво будаанд, ки нишонаи дигаре аз тағйироти иқлимист.
XS
SM
MD
LG