Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама таркиш дар Мисрро маҳкум кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳамлаи террористӣ ба калисои масеҳиён дар Мисрро маҳкум кард. Рӯзи шанбе таркиши бомб дар баробари калисое дар шаҳри Искандария 21 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.

Раисиҷумҳури Амрико дар бораи ин ҳамла гуфт: «Маълум аст, ки ҳадафи ҳамлакунандагон намозгузорони масеҳӣ будааст. Ҳамлаварон бояд барои ин иқдоми ваҳшиёна ба сазои аъмолашон бирасанд».

Баъд аз таркиши маргбор дар шаҳри Искандария вазорати умури дохилии Миср эълон кард, шоҳидиҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин инфиҷор кори як бомбгузори интиҳорӣ будааст. Бино ба иттилои вазорати дохилии Миср, ин бомбгузор низ бар асари таркиш дар дохили худрави пур аз маводди мунфаҷира ҷон супурдааст.

Вазорати беҳдоштии Миср шумори захмиёни инфиҷорро 79 тан эълом кардааст. Чаҳор тан аз маҷруҳон аз нерӯҳои пулис будаанд, ки дар хориҷи калисо аз намозгузорони масеҳӣ ҳифозат мекардаанд.


Дар баёнияи вазорати дохилаи Миср ҳамчунин омадааст, ки дар пайи ин инфиҷор ба як масҷид дар ҳошияи калисо низ осеб ворид шудааст ва ҳашт мусалмон низ дар миёни маҷруҳони ҳодиса ҳастанд.

Дар ҳоле, ки шаҳрдори Искандария ҳадафи ин ҳамларо «тамоми мисриҳо ва на фақат бародарони масеҳӣ» хондааст, хабаргузории расмии Миср ба нақл аз мақомоти давлатии ин кишвар «омилҳои хориҷӣ»-ро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам кардааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, баррасии сареи ин ҳамларо тақозо карда, аз мардуми Миср хостааст, ки дар баробари тундгароӣ ва нерӯҳое, ки мехоҳанд амнияту суботро ба ҳам зананд, ваҳдатро ҳифз кунанд.

Бино ба омори мақомоти Миср, ҳудуди 90 дарсади аҳолии ин кишварро мусалмонон ва 9 дарсадро масеҳиён ташкил медиҳанд. Ва тайи солҳои ахир барои бори аввал, ки ҳамлаи маргталабона дар қиболи масеҳиёни ин кишвар сурат ва ҷони даҳҳо танро мегирад.
XS
SM
MD
LG