Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии "Гузоришгарони бидуни марз" аз афзоиши хушунат


Соли 2010 дар кишварҳои гуногун 57 хабарнигор ҳангоми ифои вазифа кушта шудаанд. Дар гузориши солонаи созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, гуфта шудааст, аз ҳама бештар – 11 хабарнигор дар Покистон ба ҳалокат расидаанд. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки теъдоди хабарнигорони кушташуда назар ба як соли пеш афзоиш ёфтааст ва ҳамзамон ҳодисаҳои боздошти кормандони расонаҳои хабарӣ ва ҳамла ба онҳо камтар шудааст. Аз сӯи дигар, ҳодисаҳои рабудани хабарнигорон ба хотири дарёфти маблағ ҳам афзоиш ёфтааст.
Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” Русия ва ҳамчунин Афғонистон, Колумбия, Ироқ, Покистон ва Сомалиро кишварҳое номидааст, ки он ҷо “хушунат алайҳи матбуот решаҳои амиқ давондааст”. Дар як соли ахир, омадааст дар гузориш, хушунат алайҳи хабарнигорон дар Русия коҳиш наёфтааст.
XS
SM
MD
LG