Дар чанд ҷумла
Посухи "ҳамвазн"-и Кохи Сафед ба тасмими Чавес
Рӯзи сешанбе Чавес изҳор намуд, ки кишвараш аз қатъи равобити дипломатӣ бо Амрико ҳарос надорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мӯҳлати ҳабси гумонбарони "Крокус" боз тамдид шуд

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 19 май бо як қароре мӯҳлати боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистони гумонбар дар ҳамлаи толори консертии “Крокус”-ро ба мӯҳлати чор моҳи дигар тамдид кард.
Дафтари матбуоти додгоҳ навишт, ки бо қарори додгоҳ Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба мӯҳлати 3 моҳу 28 рӯзи дигар дар боздоштгоҳ мемонанд.
Ин гумонбаронро тафтишоти Русия иҷрокунандаи ҳамла меномад. Вале пурсиш ба шеваи баргузории тафтишот шурӯъ аз замони боздошти бераҳмонаи ин нафарон хеле зиёд аст. Мақомот дар Тоҷикистон аз тарзи боздошти пурхушунат ва шиканҷаи онҳо баъди ҳодисаи ҳамла ба "Крокус" дар моҳи марти соли 2024 интиқод карда буд.
Поёни моҳи апрел мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки парвандаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол"-ро моҳи июн ба додгоҳ мефиристанд. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. ТАСС он вақт хабар дод, ки дар навбати аввал парвандаи чаҳор барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.
Дар ҳамла ба "Крокус" он вақт 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид. Аксар гумонбарони боздоштшуда дар паи ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Тарҳи қонуни нав дар бораи иҷозаи кор бо як патент дар ду минтақаи Русия

Думаи Давлатии Русия тарҳи ибтидоии қонунеро қабул кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, бо як патент дар ду минтақа кор кунанд. Тартиби нав ба Маскаву вилояти Маскав, инчунин Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дахл хоҳад дошт.
Ин санадро ҳукумати Русия моҳи март ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буд. Тибқи лоиҳаи қонун, муҳоҷироне, ки, масалан, дар ҳудуди Маскав патент гирифтаанд, метавонанд дар қаламрави вилояти Маскав ва онҳое, ки иҷозати корро дар Санкт Петербург ба даст овардаанд, ҳақ пайдо мекунанд дар вилояти Ленинград фаъолият намоянд.
Шарти ҳатмӣ доштани шартнома миёни раҳбарони ин минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор тариқи патент мебошад. Ҳанӯз маълум нест, ки тарҳи қонун дар ниҳоят қабул мешавд ё не.
Бар пояи маълумоти расмӣ, то 15 дарсади муҳоҷироне, ки барои гирифтани патент дар вилояти Маскав муроҷиат кардаанд, дар қайди муҳоҷиратӣ дар Маскав будаанд ва тақрибан 8 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои гирифтани патент дар Маскав муроҷиат кардаанд, дар вилояти Маскав сабти ном шудаанд.
Аз ин пештар вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки ҷазо барои ҷалби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба корро сахттар кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, аз ин пас агар корфармо ё ширкате муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор бигирад, аз 70 ҳазор рубл то ба як миллион рубл ҷарима мешавад.
Корфармоён вазифадоранд, ки патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иқомати муҳоҷирро тафтиш кунанд, дар акси ҳол ба ҷавобгарии маъмурӣ ҳам кашида мешаванд.
Bloomberg: Путин бовар дорад чор минтақаи Украинаро пурра ишғол мекунад

Оҷонсии Bloomberg менависад, ки президенти Русия Владимир Путин бовар дорад, ки артишаш то охири соли ҷорӣ метавонад муқовимати укриниҳоро шикаста назорати пурраро дар минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Запорожйе ва Херсон ба даст оварад.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин маълумотро аз як манбае гирифтааст, ки бо «андешаҳои» Путин ошно мебошад. Оҷонсӣ навиштааст, ки дар сӯҳбати телефониаш бо президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе Путин ба талаби ӯ дар бораи гузаштҳои ҷиддӣ розӣ намешавад.
Трамп хостори хатми билофосилаи ҷанг аст, вале Путин ҳеҷ аломате нишон намедиҳад, ки хоҳишманди қатъи амалиёти ҷангӣ аст, навиштааст Bloomberg.
Яке аз мусоҳибони ин оҷонсӣ гуфтааст, раҳбарони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар сӯҳбати телефонӣ бо Трамп талош карданд ба ӯ фаҳмонанд, ки Путин ӯро махсус “гул мезанад”. Bloomberg менависад, ки дар ин мулоқот инчунин президенти Украина Владимир Зеленский ҳам иштирок намуд, вале ӯ «аз ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта бисёр хаста намудор буд». Трамп ваъда додааст, ки Зеленский ва дигар муттафиқони НАТО-ро дар бораи натиҷаҳои сӯҳбаташ бо Путин хабардор мекунад.
Соли 2022 Маскав, дар ҳоле, ки чор минтақаро пурра ишғол накарда буд, иддао намуд, ки онҳоро зери назорат даровардааст. Русия ошкор талаб дорад, ки ин минтақаҳоро марбут ба Русия эълон кунанд ва чанд матбуот ҳам гуфт, ки ин талабро дар гуфтугӯҳои Истанбул рӯзи 16 май ҳам намояндагон Русия такрор кардаанд. Украина мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз минтақаҳояшро гузашт намекунад.
Боздошти даҳҳо ноболиғ дар Доғистон

Дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Русия ходимони ҳифзи қонун дар давоми се рӯзи гузашта – аз 16 то 18-уми май 67 ноболиғро боздошт карданд. Сомонаи Кавказ.Реалии менависад, ки нисбати бист нафари онҳо барои авбошӣ ва 35 нафар аз падару модарҳо барои дуруст иҷро накардани масъулиятҳои падару модариашон протокол тартиб дода шудааст.
Наврасонро дар ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ айбдор мекунанд. Фарзия ин аст, ки ин нафарон аз натиҷаҳои як мусобиқа оид ба гӯштигирӣ норозӣ шуда таввассути шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро барои иштирок дар занозании гурӯҳӣ даъват намуданд.
Дар ин занозанӣ ноболиғони сокини шаҳрҳои Қизлар ва Махачқалъа иштирок карданд.
С.Муҳриддин: "Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст"

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳаввулот дар саҳнаи байналмилалӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, азҷумла дар робита бо вазъи мардум дар Ғазза ва Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар Ҳамоиши гуфтугӯи Теҳрон гуфтааст, "таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ "муколамаи созанда"-ро тақозо мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин беш ҷузъиёте надодааст.
Ҷанд хабаргузории эронӣ суханрониҳои дипломати аршади Тоҷикистонро хулоса кардаанд. Аз ҷумла, оҷонсии “Меҳр” дар нақли қавл аз Муҳриддин навишт:
“Мо имрӯз шоҳиди таҳаввулоти бесобиқа дар умури байналмилалӣ ҳастем. Равандҳои сареъ ва мушкилоти ҷиддӣ дар таъмини сулҳ ва субот дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки бо таҳқиқ ва гуфтумони созанда ва бо такя бар иродаи қавӣ ба ин масоили доғи рӯз таваҷҷӯҳи бештаре намояд. Албатта вазъи Ховари Миёна, аз ҷумла Фаластани ҳамвора аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст”.
Дар идома омадааст: “Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст. Фаластин ба макони мотамбор ва харобазор табдил шудааст. Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳро башиддат маҳкум ва ҳамаро ба кӯмаки башардӯстона даъват мекунад”. Ба навиштаи “Меҳр”, С.Муҳриддин дар идома гуфтааст, “мо хоҳони ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Байтулмуқаддас ҳастем,"-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома ба мавзӯи Афғонистон ҳам муроҷиат карда гуфтааст, “Афғонистон наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон аст. Мо мехоҳем дар ин кишвари бародар сулҳу субот барқарор шавад”.
Тоҷикистон бо ин ки ҳамкорҳои мушаххаси корие бо маъмурияти Толибонро ба роҳ мондааст, расман ҳукумати имрӯзаи Афғонистонро эътироф намекунад. Душанбе баъди соли 2021 ва баъди сари кор омадани Толибон пайваста таъкид кардааст, ки дар ин кишвар бояд ҳукумати иборат аз тамоми гурӯҳҳои сиёсиву гурӯҳҳои қавмӣ ташкил шавад.
Ҳамоиши гуфтугӯҳои Теҳрон, ки аз соли 2019 шурӯъ шудааст, табодули афкори сиёсиро миёни сиёматмадорону мақомоти ҳукуматҳо ва таҳлилгаронро дар бар мегирад.
Номзади аврупогаро дар интихоботи Руминия пирӯз шуд

Никушор Дан, шаҳрдори Бухарест дар даври дуюми интихоботи президентии Руминия пирӯз шуд. Овоздиҳӣ рӯзи 18-уми май баргузор шуд.
Ба гузориши бахши руминии Радиои Озодӣ, Дан 54 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба тарафдории рақиби ӯ сиёсатмадори ростгаро Ҷорҷ Симион 46 дарсади овоздиҳандаҳо раъй доданд.
Никушор Данро сиёсатмадори аврупогаро меноманд.
Ҷорҷ Симион шикасти худро дар интихобот қабул карда, рақибашро ба ғалаба табрик гуфтааст.
Даври аввали интихоботи президентӣ дар кишвари аврупоии Руминия 4-уми май баргузор шуда буд. Дар даври аввал Симион 40,5 ва Никушор Дан 21 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.
Муҳоҷире, ки се кӯдаки русро аз оташ наҷот дод, тоҷик будааст

Муҳоҷире, ки дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдакро аз коми оташ наҷот дод, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин фард Сайвалӣ Шарифов мебошад.
Ба қавли манбаъ, Шарифов бегоҳи 14-уми май вақти ба дорухона рафтан шоҳиди сӯхтор дар ошёнаи якуми биное шуд.
Сайвалӣ Шарифов гуфтааст, “садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида,” ба кӯмаки онҳо шитофт. Ин муҳоҷири тоҷик аввал як кӯдакро наҷот медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар дохили хонае, ки оташ гирифтааст, боз ду кӯдаки дигар аст. Шарифов ду маротибаи дигар худро ба даруни оташ партофта, кӯдакони боқимондаро наҷот додааст.
Баъзе расонаҳои маҳаллии Екатеренбург аз ин амали Сайвалӣ Шарифов ситоиш кардаанд. Шарифов 32-сол дошта, 16 соли ахир ҳамчун боркашон кор мекардааст. Худи ӯ дар суҳбат бо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфтааст, наҷоти кӯдаконро барои худ қарз медонист «ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор мекард.»
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаҳрвандони маҳаллиро аз фалокат наҷот медиҳанд. Азҷумла соли 2024 Муҳаммадҷон Обидов, як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти марди рабоянда наҷот дод. Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" Кумитаи тафтишоти Русия ҳам хабар дод, вале тоҷик будани ӯро пинҳон кард.
Соли 2020 Ҳоҷимурод Қаландаров, як ҷавони тоҷик кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дода, вале худаш ҳалок шуд.
Расонаҳои Русия дар бораи қаҳрамонии муҳоҷирон хеле кам хабар медиҳанд.
Ҷо Байден ба бемории саратон мубтало гаштааст

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба саратони простата мубтало шудааст.
Дафтари Байден рӯзи якшанбеи 18-уми май эълон кард, ки ду рӯз пеш дар пайи бурузи нишонаҳои ин беморӣ, пизишкон президенти пешинро ташхис карда, дар ӯ бемории саратонро ошкор кардаанд.
Дар баёнияи дафтари Ҷо Байден омадааст, хонаводаи президенти пешин дар бораи табобати ӯ бо пизишкон машварат доранд.
Нашри ин хабар вокунишҳои густурдае ба дунбол дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ӯ ва ҳамсараш аз шунидани хабари бемории Ҷо Байден “бисёр мутаассир” шудаанд ва барои Байден орзуи саломатӣ мекунанд.
Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерс", саломатии Ҷо Байден ҳатто пеш аз мунозираи ӯ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта буд. Манзур мунозираи интихоботии Ҷо Байден ва Доналд Трамп дар моҳи июни соли 2024 аст, ки баъди он Байден аз рақобатҳои интихоботӣ даст кашид.
Ҷо Байден соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, то охири соли 2024 Амрикоро роҳбарӣ кард. Ӯ 82 сол дорад.
Тоҷикистон ва Чин барои мошинҳои барқӣ корхона месозанд

Тоҷикистон ва Чин ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе барои таъмири мошинҳои барқӣ ва нобуд кардани онҳо корхонаи муштарак таъсис диҳанд. Ин мавзуъ 15-уми май дар вохӯрии вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корхонаи муштарак барои хидматрасонии техникии электромобилҳо, нобудсозӣ ё коркарди батареяи мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо маълум нест, ки коргоҳи нав кай ва бо чӣ қадар сармоя сохта мешавад.
Тасмими сохтани чунин коргоҳ дар ҳолест, ки баъд аз соли 2022 аз Чин ҳазорҳо адад нақлиёти барқӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст. То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.
Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2028 бояд то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд. Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.
Гузоришҳо аз кушта шудани чанд роҳбари "Ҳамос" дар Ғазза

Ҷасади Муҳаммад Синвор, яке аз роҳбарони гуруҳи "Ҳамос" дар як нақбе дар Навори Ғазза пайдо шудааст. Ин хабарро телевизиони саудии ал-Ҳадас бо такя ба манобеаш пахш кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, ҳамроҳи Муҳаммад Синвор ҷасади чанд ёвари ӯ дар минтақаи Хон-Юнуси Ғазза ҳам пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ки ин афрод рӯзи сешанбеи 13-уми май дар пайи ҳамлаи сангини артиши Исроил кушта шудаанд.
Телевизиони ал-Ҳадас гузориш додааст, ки ҷасади Муҳаммад Шабан, фармондеҳи гуруҳи “Рафаҳ” низ пайдо шудааст.
Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст. Исроил низ кушта шудани Синвор ва Шабанро тасдиқ накардааст.
Рӯзи 13-уми май артиши Исроил аз зарба ба як маркази фармондеҳии "Ҳамос" дар Хон-Юнис ва дар канори беморхонаи аврупоии Ғазза хабар дод. Ба гузориши манобеи нашрияи “Таймс Исроил”, ҳадафи ин ҳамла Муҳаммад Синвор буд. Артиши Исроил дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
Муҳаммад Синвор, бародари Яҳё Синвор, роҳбари пешини гуруҳи “Ҳамос” буд, ки моҳи октябри соли гузашта дар Ғазза кушта шуд.
Яҳё Синворро яке аз тарроҳони ҳамлаи маргбор ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ном мебаранд. Ҷангҷӯён дар он рӯз дар ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.
Баъди ин ҳамла, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 53 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Ин вазорат гуфтааст, ки 119 ҳазору 919 нафари дигар дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аксари қурбониён ва маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо, занону кӯдакон мебошанд.
Русия бо 273 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст

Субҳи 18-уми май артиши Русия бо 273 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар пайи ин ҳамлаҳо як зан дар вилояти Киев ҷон бохта, се каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳамаи онҳоро ба беморхона интиқол доданд.
Ба иттилои неруҳои ҳавоии Украина, аз 273 паҳпод 88 адад сарнагун шуда, 128 тои дигар "роҳгум заданд."
Дар ҳамлаи паҳподҳои русӣ асосан вилоятҳои Киев, Днепропетровский ва Донетск зарар дидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи саноат ва кишоварзӣ норозигӣ кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар чор моҳи аввали имсол 159 корхона дар кишвар аз кор мондааст. Эмомалӣ Раҳмон 17-уми май дар ҳузури аъзои ҳукумат дар ноҳияи Данғара гуфт, имсол "дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад."
Президенти Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, дар моҳҳои январ-апрели имсол 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, вале 159 коргоҳ аз кор мондааст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон нагуфт, ки корхонаҳои муфлисшуда дар кадом бахшҳо кор мекарданд ва сабаби аз кор монданашон чист.
Пештар баъзе моликони корхонаҳо молиёт (андоз)-и баланд ва тафтишҳои зиёдро аз сабабҳои муфлисшавӣ гуфта буданд.
Тибқи омори раиси ҷумҳур, давоми чор моҳи аввали имсол истеҳсоли нахи пахта дар кишвар 10, 8 ҳазор тонна ва газворҳои пахтагин 1,3 миллион метри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин вазъ “омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.”
Президент дар ин маҷлис ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка интиқод кард.
Норозигии раиси ҷумҳур дар ҳолест, ки баҳори имсол шикоятҳо аз маҷбур кардани деҳқонон ба кишти пахта зиёд садо дод. Деҳқонон аз чанд минтақаи Тоҷикистон, шикоят карданд, ки бо талаби мақомот дигар намуд зироатҳоро шудгор карда, ба ҷояш пахта кишт карданд.
Оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Навори Ғазза

Вазири дифои Исроил аз ҳамлаи густурдаи артиши ин кишвар ба Навори Ғазза хабар додааст. Исроил Катс, шоми 17-уми май гуфт, ҳадафи ин амалиёт озодии гаравгонҳои боқимонда, зери назорат гирифтани як қисмати Ғазза ва нобудии “Ҳамос” аст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Дар хабарномаи артиши Исроил омадааст, низомиёни ин кишвар дар шабонарӯзи ахир ҳамлаҳои ҳавоиро ба Ғазза сахттар кардааст.
Артиши Исроил асосан ба ноҳияҳои Ҷабалия, Дир ал-Балах ва Хон-Юнус зарба задааст.
Амалиёти нави низомиёни исроилӣ баъди анҷоми сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна оғоз шуд. Гуруҳи “Ҳамос” пешниҳоди фиристодаи вижаи Трамп дар бораи озодии 10 гаравгон бар ивази оташбаси муваққатро рад кард.
Баъди оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Ғазза, намояндагони гуруҳи “Ҳамос” аз оғози музокироти бидуни қайду шарт дар Қатар хабар дод.
Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле шиддат мегирад, ки коршиносони Созмони милал ҳушдор додаанд, ки бо гузашти 76 рӯз аз қатъи кӯмакҳои башардӯстона аз сӯи Исроил, хатари қаҳтии ҷиддӣ ин минтақаро таҳдид мекунад.
Трамп аз суҳбати телефонӣ бо Путин хабар дод

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи душанбеи 19-уми май бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефонӣ суҳбат мекунад. Қарор аст, роҳбарони ду кишвар дар бораи ҷанг дар Украина гап зананд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навиштааст, "мавзӯи гуфтугӯ қатъи "ҳаммоми хун" аст. Ҳар ҳафта зиёда аз панҷ ҳазор сарбозони Русия ва Украина кушта мешаванд."
Баъди гуфтугӯ бо Путин, қарор аст Трамп бо раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони НАТО ҳам гуфтугӯ кунад.
Доналд Трамп умедворӣ кардааст, ки ба оташбас дар ҷанги Украина даст меёбанд.
Рӯзи 17-уми май Марко Рубио, котиби давлатии Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯ кардааст. Рубио ва Лавров гуфтугӯҳои Русия ва Украинаро дар Истанбул баррасӣ кардаанд.
Рӯзи ҷумъаи 16-уми май намояндагони Русия ва Украина дар шаҳри Истанбули Туркия ду соат гуфтугӯ карданд. Ду тараф натавонистанд дар бораи оташбаси 30-рӯза ба тавофуқ расанд. Чизе, ки Украина ва кишварҳои ғарбӣ бар он пойфишорӣ доранд. Ягона натиҷаи музокироти Истанбул табодули асирон дар қолаби "ҳазор бар ҳазор" эълон шуд.
Таъкиди Душанбе ва Теҳрон бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаи Афғонистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар бораи таҳаввулоти ахири минтақа ва ҷаҳон сӯҳбат намуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаи Афғонистон, таъкид кардаанд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ рӯзи 17 май дар ҳошияи "Чаҳордаҳумин маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон", сурат гирифтаст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-19 май дар пойтахти Эрон, баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри хабарномае навишт, ки Сироҷиддин Муҳридди ва Аббос Ароқчӣ вазъи кунунӣ ва низ дурнамои ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо бар тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ таъкид карданд.
Хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон, табодули назар сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон ҳам навиштанд, ки дар ин мулоқот аз таҳаввулоти Ховари Миёна ибрози нигаронӣ шуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ, ба вижа мавзуи Афғонистон, таъкид шудааст.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, баҳси дигари тарафҳо буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
Сафарҳои мақомдорони Тоҷикистон ва Эрон аз кишварҳои якдигар, дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Дар моҳи апрел вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва дар аввали моҳи ҷорӣ Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, ба Эрон сафар карданд.
Вазири корҳои дохилии Эрон Искандар Муъминӣ ҳам охири моҳи гузашта аз Тоҷикистон дидан кард ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.