Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моше Катсав дар таҷовуз ба номус айбдор шуд


Додгоҳ раисиҷумҳури собиқи Исроил Моше Катсавро дар таҷовуз ба номус айбдор кард. Ҳукми додгоҳ ба мурофиае, ки чаҳору ним сол идома дошт, хотима гузошт. Катсав дар дастдарозӣ ва таҷовуз ба номуси се хонум - ёварони собиқаш айбдор шудааст ва дасти кам барои чаҳор сол маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.
Моше Катсав аз соли 2000 то 2007 раисиҷумҳури Исроил буд.
XS
SM
MD
LG