Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такзиби хабари ба Қирғизистон омадани Ҷаниш Боқиев


Хадамоти вижаи Қирғизистон дар мавриди ин ки Ҷаниш Боқиев, бародари раҳбари собиқи ин кишвар Қурмонбек Боқиев озодона вориди Қирғизистон шуда ва аз чанд шаҳраш дидан кардааст, изҳори бехабарӣ кард. Кенешбек Душибоев, раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, чунин маълумоте ба дасти ӯ нарасидааст. Рӯзи сешанбе муовини вазири умури дохилаи Қирғизистон Мелис Турғунбоев гуфт, пулис иттилоъе дарёфт кардааст, ки ҳокии аз роҳи Тоҷикистон вориди Қирғизистон шудану аз Ӯшу Ҷалолобод ва Бишкек дидан кардани Ҷаниш Боқиев аст. Ӯ гуфт, ҷиҳати боздошти ӯ иқдом ҳам кардаанд, вале комёб нашудаанд.
XS
SM
MD
LG