Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Душанбе барои бурдани 10-12 варзишкор ба Лондон


Як намояндаи Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон изҳори умед карда, ки аз 15 варзишкори маошхӯраш дастикам 10 ило 12 нафар ба Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон роҳхат хоҳанд гирифт. Ширин Муҳаммадсафоев, ноиби раиси ин кумита дар як ҳамоиши хабарнигорони риштаи варзиш дар Душанбе гуфт, тими олимпии Тоҷикистон феълан ба Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки қарор аст, моҳи феврал дар Қазоқистон доир шаванд, омодагӣ мегирад. Вале ӯ афзуд, ки ба маҳзи камбуди барф ва шароити муносиб дар худи Тоҷикистон варзишкорони тоҷик хеле барвақттар аз ифтитоҳи ин мусобиқот ба Қазоқистон хоҳанд рафт. Тими Тоҷикистон моҳи ноябр дар Бозиҳои Осиё дар Чин 4 нишон – як тило ва се биринҷӣ - ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG