Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар ноҳияи Рашт


Тайи як шабонарӯзи охир дар шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ду махфигоҳи силоҳ кашф шудааст. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохила, аз махфигоҳе дар мавзеъи Ёхсӯи ноҳияи Мӯъминобод 3 норинҷак ва ду тирдони мусалсали Калашников мусодира шуда, аз зери боми амбори як сокини рустои Қарашаҳри ноҳияи Рашт як гулӯлаандоз бо 15 норинҷак, 2 мусалсали Калашников бо 18 тирдон, 10 норинҷак ва анвоъи дигари муҳимоту либоси низомӣ ба даст овардаанд.
Дар ноҳияи Рашт аз моҳи сентябр амалиёти вижаи алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти раҳбарии Аловиддин Давлатов ва Мулло Абдулло Раҳимов идома дорад.
XS
SM
MD
LG