Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамчунон маҳбубтарин марди Амрико


Cоли 2010 барои Бaрак Обама аз ҳар ҷиҳат соли бисёр душвор буд ва шояд камтарин касе орзу мекард, ки дар ҷойгоҳи Обама қарор дошта бошад. Бо ин ҳол, вай соли ҷориро бо натоиҷи хубе ба поён бурд ва то кунун тавонистааст алорағми мухолифати ҷумҳурихоҳон дар Конгреси Амрико, бисёре аз тарҳҳои мавриди назари худро ба тасвиб бирасонад.

Ҳамчунин тибқи назарсанҷии муассисаи “Gallup” ва “USA Today”, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, вай аз назари мардуми Амрико, ҳамчунон маҳбубтарин марди Амрико унвон шудааст.

Обама ҳамоно маҳбуби амрикоиён аст

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, ҳудуди 22 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтаанд, ки ба назари онҳо, раиси ҷумҳури Амрико таҳсинбарангезтарин дар ин кишвар аст. Ин саввумин соли пайдарпай аст, ки Барак Обама дар назарсанҷиҳои солона чунин мавқеъиятеро дар афкори умумии ин кишвар касб мекунад.

Дар ин назарсанҷӣ Ҷорҷ Буши хурдӣ бо гирифтани панҷ дарсад аз назари посухдиҳандагон, дар мақоми дуввум қарор гирифтааст ва пас аз вай ба тартиб Билл Клинтон, Нелсон Мандело ва Бил Гетс дар мақомҳои баъдӣ қарор доранд.

Сара Пейлин- чеҳраи хабарсози соли 2010-и Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷа низ дар миёни заноне, ки аз сӯи мардуми Амрико мавриди таҳсин ҳастанд, дар мақоми аввал ҷой дорад. Пас аз Ҳилларӣ Клинтон дар мақоми дуввум, яке аз рақибони ва душманони сарсахти Барак Обама, яъне Сара Пейлин, фармондори собиқи иёлоти Аляска ва аз чеҳраҳои аслии ҳизби ҷумҳурихоҳоҳ қарор дорад.
Далели таҳсин аз хонум Пейлин таъсири ӯ бар арзишҳои мазҳабӣ дар ҷомеъаи Амрико қайд шуда аст. Ҳамчунин дар назарсанҷии дигар, ки тавассуи рӯзномаи “USA Today” анҷом шудааст, Сара Пейлин дар садри феҳристи касоне қарор дорад, ки аз назари фаъолият ва мавзуоти мазҳабӣ дар соли 2010 хабарсоз будаанд.

Бар асоси назарсанҷии “USA Today”, пас аз хонум Пейлин ду нафари дигаре, ки муштаракан дар ин назарсанҷӣ дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд, поп Бенедикт, раҳбари католикҳои ҷаҳон ва Файсал Абдуррауф, рӯҳонии мусалмоне аст, ки тарҳи бинои маркази исломиро дар канори сохтмонҳои ёдбуди ҳамлаҳои 11-и сентябр пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG