Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қуфл задани марз бо Покистон имкон надорад"


Як фармондеҳи нирӯҳои Амрико гуфт, қуфл задани марзи бузурги байни Афғонистону Покистон ва бастани пеши роҳи вуруди ҷангиёни Толибон амалан имкон надорад. Сарҳанг Вет Луонг, масъули нирӯҳои Амрико дар шарқи Афғонистон гуфт, таъмини ҳифозати ин марз захираи беш аз ҳаддеро тақозо мекунад. Ӯ афзуд, дар ин роҳ ҳамкории бештар бо қабилаҳое дар дохили Покистон, ки ба ҷангиёни толиб паноҳгоҳи амн медиҳанд, низ лозим ҳаст. Манотиқи ҳошияи марзи тӯлонии Афғонистону Покистон як пойгоҳи аслии ҷангиёни толиб ва мояи нигаронии нирӯҳои эътилоф боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG