Вазорати умури хориҷаи Испания гуфт, ки Испания ва Русия дар паи як тасмими дуҷониба дипломатҳои кишварҳояшонро аз қаламрави худ берун карданд. Вазорат гуфт, ки як моҳ пеш ду дипломати русро барои фаъолиятҳои “муғойир бо мақомашон” аз қаламраваш хориҷ кард. Мегӯянд, ки ин истилоҳ маъмулан ба ҳангоми фош шудани дипломат дар корҳои ҷосусӣ ба кор бурда мешавад. Дар посух Русия низ ду дипломати испаниро аз хоки худ берун кард. Вазорат мегӯяд, ки ин қазия дигар пӯшида шуд ва сафари барномарезишудаи вазири хориҷаи Испания Тринидад Ҳименес ба Маскав дар таърихи 17 январ мувофиқи нақшаи барномарезишуда баргузор хоҳад шуд. Моҳи феврал як ҷосуси истихборотии испанӣ барои кӯшиши фурӯши санадҳои махфӣ ба манфиати Русия зиндонӣ шуд. Ҳафтаи гузашта Бритониё гуфт, ки як дипломати русро бо иттиҳоми ҷосусӣ аз қаламраваш хориҷ кард ва Русия ҳам дафъатан посухи муносиб дод.