Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз киштии озими Ғазза дар бандари Истанбул


Ҳазорон нафар ва умдатан фаъолони тарафдори Фаластин дар бандари Саройбумуи Истанбул аз бозгашти киштии "Мовӣ Мармара" истиқбол карданд, ки моҳи майи имсол ҳангоми талош барои расидани ба соҳили Ғазза ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои коммандои Исроил қарор гирифт. Издиҳом ҳангоми лангар андохтани киштӣ садҳо пуфакро ба ҳаво сар доданд ва баъзеҳо парчамҳои Исроил ва Туркияро барафроштанд. Дар ин ҷо ҳамчунин аксҳои бузурги 9 нафаре низ буданд, ки дар ҷараёни рейди исроилиҳо кушта шуданд. Бархе аз ҷамъомадагон ба фиристодани киштиҳои бештареро ба Ғаззаи зери муҳосираи Исроил даъват карданд.
XS
SM
MD
LG