Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусавӣ ва Каррубӣ: Иқтисоди Эронро ояндаи тира дар пеш аст


Раҳбарони мухолифин дар Эрон аз вазъи нобасомони иқтисодӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд, иқтисоди Эронро ояндаи тирае интизор аст. Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, номзадҳои собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки аз барномаи коҳиши ёронаҳои иқтисодӣ дар Эрон ҳимоят мекунанд, аммо ин барнома дуруст иҷро намешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод барномаи коҳиши ёронаҳоро ҷарроҳии бузурги иқтисоди Эрон дар ним асри ахир хондааст. Бо шурӯъи иҷрои ин барнома, қимати бензин дар Эрон чаҳор ва қимати нон ду маротиба боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG