Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Порис ба фаронсавиҳо барои тарки Соҳили Оҷ


Мақомоти Фаронса аз шаҳрвандони кишвар даъват карданд, ки кишвари Соҳили Оҷро тарк намоянд. Дар ин кишвар, аз нигоҳи Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун ҳар лаҳза метавонад ҷанги нави шаҳрвандӣ шурӯъ шавад.
Франсуа Баруан, намояндаи ҳукумати Фаронса, гуфт, дастури тарки Соҳили Оҷ ба хотири ҳифзи ҷони 15 ҳазор шаҳрвандони Фаронса ироа шудааст, ки айни ҳол дар ин кишвари африқоӣ ба сар мебаранд.
Чанд рӯз қабл ИМА, Фаронса ва Иттиҳодияи Африқо дар як зарбулаҷал аз раисиҷумҳури кишвари Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо талаб карда буданд, ки қудратро ба номзади мухолифи ҳукумат Алассан Уаттар интиқол диҳад. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ пирӯзии Уаттар дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар Соҳили Оҷро эътироф кардааст ва аммо Гбагбо аз вогузоштани идораи давлат ба Уаттар сарпечӣ мекунад. Ахиран Гбагбо аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ талаб намуд, ки кишварро тарк намоянд.
Як ҳафта пеш дар задухӯрдҳо миёни ҷонибдорону мухолифони ҳукумат дар шаҳри Обидҷон, бузургтарин шаҳри Соҳили Оҷ, дастикам 20 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG